Пайвастани ҶТ ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё: ҳафт бор андоза бигиру як бор бибур

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиёро шитоб надорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё шитоб надорад ва ниҳодҳои масъул ба дастури ҳукумат ин масъаларо ҳамаҷониба таҳлил доранд, мегӯяд Азим Турсунзода, муовини раиси Хадамоти гумруки Ҳукумати ҶТ.

Лавров: Тарҳи бузурги уросиёии Русия Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 то кунун пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиёро баррасӣ дорад. Ин иттиҳодия Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русияро дар бар мегирад. Порсол Қирғизистон низ ба он пайваст ва Виетнам низ ба минтақаи тиҷорати озод бо кишварҳои ин Иттиҳодия ҳамроҳ шуд.

“Ниҳодҳои масъул ба дастури ҳукумат ин масъаларо ҳамаҷониба таҳлил доранд. Ба назарам, дар ин масъала мо бояд аз масали “ҳафт бор андоза бигиру як бор бибур” пайравӣ кунем, зеро вазъи иқтисодӣ дар кишварҳое, ки ба иттиҳодҳои иқтисодӣ пайвастаанд, доим дар ҳоли тағйир аст”, — гуфт Азим Турсунзода.

“Аз ин рӯ, имрӯз бо дар назар гирифтани бархе аз вижагиҳои кишварамон, мо бояд ин масъаларо ҳамаҷонибаву амиқ таҳлил кунем”, — афзуд вай.

Гуфтанист, бино ба назарсанҷии Бонки тавсеъаи уросиёӣ, дар Тоҷикистон 69 дарсад аз шаҳрвандон хостори пайвастани кишварашон ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё ҳастанд.