Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов Эмомалӣ Раҳмонро муборакбод гуфт

Имрӯз Тоҷикистон ва Туркманистон 25-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Имрӯз байни раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба муносибати барқароршавии 25-солагии робитаҳои дипломатӣ мубодилаи барқияҳои табрикотӣ ба амал омад.

Раисҷумҳури Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон дар мактубаш ба Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов изҳори хушнудӣ кард, ки дар муддати 25 сол муносибати Тоҷикистону Туркманистон рушд ёфтааст.

"Натиҷаҳои муассири тайи чоряк аср ба шарофати саъю талошҳои муштарак бадастомада ба мо имкон дод, ки муносибатҳои байнидавлатиамонро то сатҳи шарикии стратегӣ боло барем",- омадааст дар мактуби раисҷумҳур.

Дар анҷом раисҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедовро ба ин муносибат муборакбод гуфта, ба вай таманниётҳои нек кард.

Раисҷумҳури Туркманистон дар мактуби табрикотиаш гуфтааст, "дар овони баъд аз оғози робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва шарикии барои ҷонибҳо судманд рушди фаъол доштанд ва таҳкими бемайлони онҳо идома дорад".

Бердимуҳаммедов афзудааст, Туркманистон хостори тақвияти бештар бахшидани муносибатҳояш бо Тоҷикистон аст.

"Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш мехостам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сидқан саломатии бардавом ва комёбиҳои нав дар фаъолияти сермасъули давлатиатон ба хотири пешрафту шукуфоии мардуми дӯсти Тоҷикистон таманно намоям", омадааст дар анҷоми табрикнома.