Содиқов: барои хиёнати ҳамсар дар кишварҳои исломӣ ҷазо пешбинӣ мешавад, на демократӣ

Мувофиқи қавонини демократӣ барои хиёнати ҳамсар ҷазо пешбинӣ кардан дуруст нест, мегӯяд корманди илмии Донишгоҳи МГИМО Шарбат Содиқов
Sputnik

Пас аз нишатси матбуотӣ бо кормандони Додситонии куллӣ Тоҷикистон дар расонаҳо мавзӯи пешбинӣ шудани ҷазо барои ҳамсарони хиёнткор дар Тоҷикистон ба таври тезу тунд баррасӣ мешавад.

Дар рафти нишасти матбуотӣ яке аз рӯзноманигорон гуфтааст, вақтҳои охир дар Тоҷикистон куштор дар заминаи рашк зиёд ба қайд гирифта мешавад. Бинобарин, рӯзнаманингор пешниҳод кардааст, ки таъини ҷазо барои хиёнати ҳамсар ин гуна ҳодисаҳоро пешгирӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Шарбат Содиқов, дар бештари кишварҳои Шарқ ва Ҷаҳони Араб барои хиёнати ҳамсар ҷазо, то ба куштор, пешбинӣ шудааст, аммо он барои Тоҷикистон, ки кишвари демократӣ аст,  рост намеояд.

Барои ҷорӣ кардани муҷозот ба ҳамсарони хиёнаткор бояд сохтори иҷтимоиро дигар кард, гуфт вай.

Содиков: Таджикистан – демократическое государство

"Кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд наметавонад ин гуна муҷозотҳоро таъин кунад. Агар низоми кишвар исломӣ шавад, пас ин гуна ҷазо метавонад пайдо шавад. Барои ин бояд Сарқонуни ҷумҳуриро тағйир дод",- гуфт Шарбат Содиқов ба Sputnik Тоҷикистон.

Ҳуқушинос мегӯяд, ин масъала ба наздикӣ ҳалли худро намеёбад.