"Тоҷик Эйр" аз Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор шуд: билетҳоро арзон мекунем

Раисҷумҳури Тоҷикистон 23 январ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонунеро фиристод, ки мувофиқи он ширкати миллии "Тоҷик Эйр" ва "Роҳи оҳани тоҷик"- ҳангоми ворид кардани ҳавопаймо, локомотив ва вагонҳои муосир аз супоридани молиёт аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрук озод мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Роҳбарияти ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" гуфтааст, озод шудани ширкат аз молиёт аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид кардани ҳавопаймоҳои нав боиси пешрафти ширкат мешавад.

"Иқдоми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — озод кардани ширакати  аз молиёт аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ  ҳангоми ворид кардани ҳавопаймои нав  ме қадами муҳим дар роҳи рушди ширкат дар оянда мешавад",- қайд кардааст роҳбарияти ширкат.

Роҳбарияти ширкат ба Ҳукумати кишвар барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ баён мекунад.

"Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳем дод, то сифати хидматрасониҳоро беҳтар кунем ва ба муштариёнамон имконият фароҳам оварем, ки ба воситаи таърифаҳои камхарҷ билетҳои арзон ба даст оваранд",- қайд кардааст, мудири кулли "Тоҷик Эйр" Хайрулло Раҳимов.

Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон 23 январ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонунро равон кард, ки мувофиқи он ширкати миллии "Тоҷик Эйр" ва "Роҳи оҳани тоҷик"- ҳангоми ворид кардан ба кишвар ҳавопаймо, локомотив ва вагонҳои муосир  аз супоридани молиёт аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрук озод мешаванд.

"Тоҷик Эйр"- ширкати миллии ҳавоии Тоҷикистон аст, ки пойгоҳи аслии он фурудгоҳи Душанбе аст ва ҳамчунин фурудгоҳи Хуҷандро низ истифода мебарад.

"Тоҷик Эйр"-ро вебгоҳи мустақили Airlinerating.com дар байни 407 ширкат ширкати бехатар номида буд.