Эрон дар Қирғизистон донишгоҳи пизишкӣ бунёд мекунад

Эрон ва Қирғизистон барои бунёди муассисаи илмӣ барои фаъолият дар ҳавзаи дармонӣ, беҳдошт ва пажӯҳишҳои муштарак тафоҳумнома имзо кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Донишгоҳи улуми пизишкии устони Симнон ва Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон тафоҳумномае имзо кардаанд, ки бар асоси он муассисае дар ҳавзаи ҳамкориҳои илмӣ ва ҷазби донишҷӯ дар Қирғизистон бунёд мешавад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин тафоҳумномаро Ҳайдар Алиев, раиси Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон ва Маҳдии Шодонваш, раиси Донишгоҳи улуми пизишкии устони Симнон имзо карданд.

Бар асоси он Донишгоҳи улуми пизишкии Симнон дар заминаи таъсиси муассисаи илмӣ барои фаъолитҳои ҳавзаи дармон, беҳдошт, пажӯҳишҳо ва ҳамоишҳои илмии муштарак дар Қирғизистон ҳамкорӣ мекунад.

Ҳайъате аз Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон дирӯз, 25 январ аз бахшҳои омӯзишӣ, пажӯҳишӣ ва дармонии Донишгоҳи улуми пизишкии устони Симнон дидан кардааст.