Дӯстӣ поянда бод!: мактуби Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Молдова

Изҳори итминон менамоям, ки бо такя ба таҷрибаи андӯхташудаи мусбат равобити байнидавлатии ду кишвар дар маҷрои манфиатҳои аслии мардумонамон минбаъд низ тавсеаву таҳким хоҳанд ёфт, гуфтааст раисҷумҳури Тоҷикистон
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Имрӯз ба муносибати 25-солагии барқароршави муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Молдова миёни раисҷумҳурони ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикотӣ ба амал омад, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикист.

Аз ҷумла, гуфта мешавад, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Молдова Игор Додонро ба ин муносибат муборакбод гуфтааст.

"Изҳори итминон менамоям, ки бо такя ба таҷрибаи андӯхташудаи мусбат равобити байнидавлатии ду кишвар дар маҷрои манфиатҳои аслии мардумонамон минбаъд низ тавсеаву таҳким хоҳанд ёфт",- омадааст дар барқияи табрикории Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Молдова Игор Додон низ ба унвони раисҷумҳури Тоҷикстон мактуб навишта, изҳори умедворӣ кардааст, ки "муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва шарикии баробарҳуқуқи миёни кишварҳоямон минбаъд низ дар самтҳои мухталиф бомуваффақият рушд хоҳанд кард".