Вопасин рӯзи гарм: аз фардо ҳаво дар Тоҷикистон якбора сард мешавад

Имрӯз, 26 январ дар кишвар ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бархе аз ноҳияҳои кӯҳистонӣ борону барф хоҳад борид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2 — 7 дараҷа сард ва рӯзона 0 — 5 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрнок ва дар баъзе ҷойҳо боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, шабона 5 — 10 сард ва рӯзона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрноки тағйирёбанда ва бебориш шуда, бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

КҲФ аз якбора сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон огоҳӣ медиҳад. Эҳтиёт шавед!

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ 2 — 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9 — 14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳаво тағйирёбанда ва абрноки бебориш шуда, бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11 — 13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар робита ба сард шудани ҳаво 25 январ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дархост карда, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми истифода аз асбобҳои гармкуни барқӣ қоидаҳои техникаи бехатарии зидди сӯхторро ҷиддӣ риоя кунанд ва дар истифодаи он сарфакор бошанд. Инчунин дар ин рӯзҳо шаҳрвандонро мебояд аз гузаронидани корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикор худдорӣ намоянд.

Аз 27 то 30 январи соли равон дар паи расидани ҳавои сарди қутбӣ аз сӯи Қазоқистону Узбакистон ҳаво дар Тоҷикистон низ якбора сард хоҳад шуд.