Тоҷикистон ва Иттиҳодияи кишварҳои араб Шурои ҳамкорӣ ташкил мекунанд

Ҳайъате аз Шурои Иттиҳоди иқтисодии араби Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ ба манзури ошноӣ бо тавонмандиҳои иқтисодӣ ва сармояпазирии Тоҷикистон ба Душанбе сафар кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон ва Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ (ИКА) хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ шуданд, гузориш медиҳад Утоқи бозаргонӣ ва саноеъи ҶТ.

“Раиси УБС ҶТ Шариф Саид бо дабири кулли Шурои Иттиҳоди иқтисодии араби ИКА Муҳаммад ар-Рабиа ва ҳайъати ҳамроҳаш, ки ба манзури ошноӣ бо тавонмандиҳои иқтисодӣ ва сармояпазирии Тоҷикистон аз Қоҳира ба Душанбе сафар кардааст, дидор ва гуфтугӯ кард”, — гуфта мешавад дар иттилоъияи УБС ҶТ.

Дар ин дидор роҳҳои мушорикати бахши хусусии кишварҳои арабӣ дар таъмини молӣ ва мушорикат дар иҷрои тарҳҳои барқӣ — обии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар иҷрои тарҳҳо дар заминаҳои таробарӣ, саноъат, кишоварзӣ, иртиботот, бонкдорӣ, омӯзишу парвариш, беҳдошту дармон ва гардишгарӣ баҳсу баррасӣ шуданд.

Дар Помир масири нави гардишгарӣ боз мешавад

Раиси УБС ҶТ ба меҳмонони араб дар бораи тарҳҳо ва барномаҳои иқтисодӣ, фазои муносиби сармоягузорӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон гузориш дод ва афзуд, ки қонунгузории кишвар заминаи ҳуқуқии устувор барои пазириши сармоягузории мустақими хориҷӣ ва фаъолиятҳои тиҷорӣ барои сармоягузоронро фароҳам кардааст.

Муҳаммад ар-Рабиа ва ҳайъати ҳамроҳаш аз истиқболи гарми тоҷикон сипосгузорӣ карда ва алоқаву омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо бо бахши хусусии Тоҷикистон баён карданд.

Дар паи ин дидор УБС Тоҷикистон ва Шурои Иттиҳоди иқтисодии араби ИКА қарордоде барои ташкили Шурои ҳамкориҳои бозаргонӣ имзо хоҳанд кард.