Вазорати кор ба муҳоҷирон: аз сафар ба Русия дар замони баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол худдорӣ кунед

Вазорати кор ва шуғли аҳолии ҶТ ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки дар замони баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия аз сафар ба бархе аз шаҳрҳои ин кишвар худдорӣ кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имсол дар Русия қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор мешавад.

Бинобар ин аз 25 май то 25 июли соли равон шаҳрвандони хориҷие, ки ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Калининград, Нижний Новгород, Ростови лаби Дон, Самара, Саранск ва Сочӣ сафар карданиянд, бояд дар давоми як шабонарӯз худро дар ниҳодҳои муҳоҷиратӣ сабти ном кунанд. Дар ин бора вебгоҳи расмии ин ниҳод хабар медиҳад.

Вазорати кор аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки ҳангоми сафар ба шаҳрҳои номбурда то оғози Ҷоми ҷаҳонии футбол, яъне то 25 май худро дар маҳалли иқоматашон сабти ном кунанд.

"Бе зарурат аз вуруд ба ин шаҳрҳои Русия дар замони ёдшуда худдорӣ кунед. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия дар ин давра пурзӯр гардида, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонанд аз ҷониби мақомоти дахлдор сабаби татбиқи чораҳои қатъӣ нисбат ба Шумо гардад гарданд", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Вобаста ба масъалаи мазкур муҳоҷирон метавонанд бо шумораҳои зерин тамос гиранд:
Хадамоти муҳоҷират — 225-05-81; 225-07-19;
Намояндагии Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия:  44640-19-51; 44640-91-99.