Таъмири 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Тибқи нақша имрӯзҳо корҳои азнавсозӣ дар 12 маркази саломатии деҳотӣ бо суръати баланд идома дошта, сохтмончиён 90% корҳоро ба сомон расонидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

Тарҳи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз зумраи он тарҳҳое аст, ки тӯли чор сол ин ҷониб дар 5 ноҳияи таҷрибавии вилояти Хатлон амалӣ гашта, биноҳои 12 маркази саломатии КАТС-ро бо тарҳи нави меъморӣ аз нав бунёд намуда истодаанд.

Давраҳои омӯзишӣ барои пизишкон дар Хатлон
Тибқи нақша имрӯзҳо корҳои навсозӣ дар 12 бунгоҳи пизишкии рустоӣ бо суръати баланд идома дошта, сохтмончиён бо як азму иродаи қавӣ аллакай 90% корҳоро ба сомон расонидаанд.

Гуфта мешавад, ки биноҳои навсохт бо шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, оби нӯшокӣ, ҳуҷраҳои корию хизматрасонӣ, таҳлилгоҳ, нақлиёти ёрии таъҷилӣ, генератор, мизу курсӣ, ҷевону яхдон ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардидааст.

Барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳама шароити лозима фароҳам оварда шуда, дар 5 ноҳияи таҷрибавии вилояти Хатлон, дар маҷмӯъ, биноҳои хуштарҳи замонавӣ барои духтурону ҳамшираҳои шафқати марказҳои саломатии деҳотӣ аз нав сохта мешавад, ки бо назардошти Лоиҳа 8 иншооти навсохта дар арафаи ҷашнҳои Наврӯз ва Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.