Тоҷикон мардуми диндортарини Осиёи Марказӣ дониста шуданд

Бино бар тадқиқотҳои пойгоҳи WIN/Gallup International дар Тоҷикистон 85 дар сади аҳолиии Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар феҳристи диндории мардуми ҷаҳон, ки нашрияи The Telegraph омода кардааст, кишвари диндортарини Осиёи Марказӣ дониста шуд.

Бино бар пажуҳишҳои нашрия 85 дар сади аҳолии кишвар мусалмонанд.

Дар ин тадқиқот дар ҷойи дуввум Туркманистон, ки 80 фисади аҳолиаш мусалмон будаанд, омадааст. Сипас Қирғизистон (72 дар сад), Қазоқистон (64 дар сад) ва дар ҷойи охирон Узбакистон омадааст, ки гуфта мешавад 51 фисади аҳолиаш диндор мебошанд.

Тавре нашрия қайд мекунад, феҳрист дар асоси назарсанҷиҳои WIN/Gallup International дар солҳои 2008, 2009 ва 2015 тартиб дода шудааст.

Дар он посухдодагон ба саволи он, ки оё худро мусалмон ҳисоб мекунанд ё не, ҷавоб додаанд.