Нони заҳролуд: Маҳпора Ҳикматова чаҳор бор кӯшида хешовандони шавҳарашро бикушад

Бино бар иттилои тафтишот, шаҳрванди Тоҷикистон Маҳпора Ҳикматова чор маротиба кӯшиши куштори хешовандони шавҳараш кардааст. Вай бо ин мақсад чанд маротиба ба хӯроки онҳо заҳр омехта мекардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Тавре расонаҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд, як зани тоҷик бо ҷурми куштори хешовандони шавҳар ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

"Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини 39-солаи деҳоти Турдишайхи ноҳияи Панҷ Маҳпора Ҳикматоваро ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Бино бар иттилои тафтишот, ин зан чор маротиба суъиқасд ба ҷони хешовандони шавҳараш карда, дар хӯроки онҳо заҳр омехта мекардааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки охирҳои соли равон хабар дода шуд, ки зане ба хӯрок заҳр омехта карда, ду хешованди шавҳарашро куштааст. 38 нафари дигар заҳролуд гаштанд.
Додситонӣ аз додгоҳ талаб кард, ки ин зан ба 25 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Гуфта мешавад, Ҳикматова бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, "Омодагӣ ба содир кардани ҷиноят" ва "Куштор" гунаҳкор дониста мешавад.

Додситони вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода гуфтааст, ки Ҳикматова мақсад доштааст, ҳамаи хешовандони шавҳарашро ба қатл расонад, то манзили истиқомати танҳо барои вай монад. Ӯ доим ба хамир заҳр омехта мекардааст.

"Аз соли 2014 инҷониб Ҳикматова чор маротиба ба хӯрок заҳр омехта карда буд",- мегӯяд Маҳмудзода.

Аммо падари маҳкумшаванда гуфтааст, ки ба духтараш тӯҳмат кардаанд. Шавҳари Маҳпора 4 сол пеш қасди ҷони худ карда будааст.