Парвандаи ришваситонии Нурализода: додгоҳ мавориди бештареро ошкор кард

Додгоҳи ноҳияи Сино боз ду маврид аз ришваситонии Аскар Нурализода, сардори пешини Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳо дар Вазорати рушди иқтисод ва савдоро ошкор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Аскар Нурализода чанде пеш ба иттиҳоми ситондани камобеш 500 ҳазор дулор ришва муҷрим шинохта ва маҳкум ба 11 сол зиндон шуда буд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии Додситонии кулли ҶТ, Нурализода барои ворид кардани сохтмони гармхона дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ба барномаи давлатии сармоягузорӣ ва ҳамчунин бунёди боғ дар он ноҳия аз шаҳрвандон Д. Олимов ва Ш. Сангинов 4 ҳазор дулор ва беш аз 25 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.

Додгоҳ собит карда буд, ки Нурализода аз Н. Абдураҳимов ном шаҳрванде аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 513 ҳазор дулор ва 32 ҳазор сомонӣ ришва гирифта то тарҳи рушди парандапарварӣ дар ин ноҳияро дар Барномаи давлатии сармоягузории солҳои 2016 — 2020 ворид кунад.

Ёдоварӣ мекунем, ки Аскар Нурализода 28 сентябри соли 2017 боздошт шуда буд.