Абдураҳим Муҳиддиновро Русия ба даҳ соли зиндон маҳкум кард

Бино бар маълумоти тафтишот ин шаҳрванди Тоҷикистон ба воситаи интернет "бо роҳи фиреб дигар нафареро ба ДОИШ ҷалб кардааст"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Ҳавзаи низомии Қафқози шимолӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро  ба даҳ соли зиндон маҳкум кард. Абдураҳим Муҳиддинов дар ҳамкорӣ бо ташкилоти террористӣ ва кӯшиши пайвастан ба ДОИШ муттаҳам мешавад.

Тавре дар иттилои додрас Алена Каткало омадааст, Абдураҳим Муҳиддинов дар зиндонҳои шадиднизом нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Бино бар иттилои тафтишот баҳори соли 2017 Абдураҳим Муҳиддинов дар шаҳри Растов-на-Донуи Русия, ба ақидаҳои ифротгароӣ дода шуда, барои пайваст шудан ба сафи ДОИШ  омодагӣ медидааст.

Барои ин вай ба воситаи интернет маълумотҳои худро ба як тан аъзои ДОИШ, ки дар Афғонистон будааст, фиристода, бо вай маслиҳат кардааст, ки ба Афғонистон ба воситаи Арманистон сафар хоҳад кард.

Муҳиддиновро соли гузашта  мақомот дар фурудгоҳи Растов-на-Дону ҳангоми гузаштан аз қайди сарҳадӣ боздошт карданд.

Илова бар ин Муҳиддинов ба воситаи интернет дигар нафаронро ҳам ба ДОИШ тарғиб мекардааст.