Ректори ДМТ аз фаъолияти яксолааш гузориш дод

Дар Доиншгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ин ниҳод хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, ректори ДМТ, Имомзода М. дар бораи фаъолияти як соли Донишгоҳи миллӣ (2017) мухтасар сухан карда, зикр намудааст, ки порсол барои ҳайъати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ соли бобарор ва хотирмон будааст.

"Ҳайъати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар таҷлили санаҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳаётан муҳим фаъолона ширкат варзида, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи корҳои таълимию методӣ ва илмию тарбиявии ҷумҳурӣ саҳми намоён гузоштанд"- гуфтааст Имомзода.

Акнун дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳам метавон дараҷаи дуктурӣ дарёфт кард

Дар идомаи суҳбат ректори донишгоҳ доир ба таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намудааст.

Дар нишаст миёни роҳбарияти ДМТ ва рӯзноманигорон доир ба ҷараёни таҳсил, имкониятҳои таҳсил дар риштаи аспирантура, докторантура ва магистрӣ, шарту шароити шӯроҳои диссертатсионии дар назди донишгоҳ амалкунанда, робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар, ҷараёни имтиҳонҳо тариќи тест ва амсоли он суолу ҷавоб сурат гирифтааст.