Посухи Рустам Эмомалӣ ба муроҷиати саҳмгузорони сохтмонҳои иқоматӣ

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ба муроҷиати саҳмгузорони сохтмонҳои истиқоматӣ посух гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв— Sputnik. Вокуниши Рустам Эмомалӣ дар равобити умумии шаҳрдорӣ мунташир шудааст.

Гуфта мешавад, ки раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо муроҷиатномаи гурӯҳи шаҳрвандон — ҳиссагузорони бунёди манзилҳои ширкатҳои сохтмонии "Муҳаммад 2009" ва "Муҳаммад 2014", ки таҳти унвони "Мо танҳо ба Мири шаҳр умед мебандем" тавассути нашрияи "Азия Плюс" ба чоп расидааст, шинос шудааст.

Ба гузориши манбаъ, дар ин росто раиси шаҳр супориш дода, ки корҳои бунёди сохтмонҳои нотамом ҳар чӣ зудтар ба итмом расонида шавад.

Раиси шаҳр ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ ҷиҳати мусоидат ва фароҳам овардани шароит ба ташкилотҳои сохтмонӣ дар ҳар чӣ зудтар ба итмом расондани корҳои бунёдии иншооти нотамоми манзилҳои истиқоматӣ, ҷоннок ва пурзӯр кардани корҳои сохтмонӣ ва ба таври бетаъхир бартараф кардани тамоми камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои қатъӣ додааст, омадааст дар хабарнома.