Гузориши аксӣ аз консерти гурӯҳи эҷодии "Ҳафтранг"

Sputnik

Ин Ҷашнвора рӯзи 19 январ бо дастгирии Вазорати фарҳанг  ва намояндагии "Россотрудничество" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардидааст.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар додааст.

Вазири фарҳанг  Шамсиддин Орумбекзода дар ифтитоҳи чорабинӣ иштирокчиёни Ҷашнвора ва наврасони соҳибистеъдодро, ки дар соли сипаригардида санъати халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар озмунҳо  соҳиби ҷойҳои намунавӣ гардида буданд, табрик гуфта, ба онҳо дар ҷодаи ҳунар ва санъат боз парвози баландтарро таманно намудааст.

Дар ин Ҷашнвора ҳамчунин сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов низ ширкат кардааст.