ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Тавре муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Зафар Азимӣ зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар додааст, ба фурӯш гузоштани 64 миллион сомонӣ саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк", иқдоме ғайриқонунӣ аст.
Аз ин рӯ, бар асоси тасмими Палатаи ҳисоб, ин муомила фасх ва манобеи молии фурӯхташуда пас гирифта шудааст.
Муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфт, амалкарди Додгоҳи олӣ ва Вазорати адлия дар заминаи бозгардондани қарзҳо ва қарзҳои бонкҳо аз қарздорон низ қобили пазириш нест.
Маблағи ин мавқуфот дар соли 2016 наздик ба 580 миллион сомонӣ ва дар 9 моҳи соли 2017 ба 318 миллион сомонӣ расидааст.
Дар чанд маврид, қарздорони бонкӣ асноди бозпардохти қарзи худро ироя кардаанд, ки қалбакӣ буда ва манобеи молӣ бозпардохт нашудааст.