Барои пул: таҳдиди ноболиғи тоҷик ба духтаре дар Instagram

Як ноболиғи тоҷик ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ дар Instagram боздошт шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад.

Ба иттилоъи ин ниҳод, кормандони милитсия муайян карданд, ки писарбачаи 16-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, хонандаи синфи 10-уми гимназия, дар телефони "Айфон-6" дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" саҳифа кушода, бо мақсади тамаъҷӯӣ, яъне ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда маблағ ситонидааст. 

"Ӯ рӯзи 16-уми январи имсол акси як духтари 20-сола ва сокини шаҳри Душанберо гирифта, дар Инстаграмм нашр карда ва аз дӯстдоштаи ӯ марди 27-сола, барои пок кардани аксҳои беобрӯкунанда 1000-сомонӣ талаб кардааст", — омадааст дар хабарнома.

Кормандони милиса ӯро ҳангоми гирифтани 1000 сомонӣ дастгир кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноии ӯ идома дорад.