ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар ин бора расонаҳои тоҷикӣ бо такя ба манбаъ дар ВКД вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара дар бинои шуъба худро парронидааст.
Ин ҳодиса рӯзи 20 январ ба вуқӯъ пайвастааст.
"Корманди 30-солаи фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД-1 шаҳри Исфара дар бинои шуъба, дар кабинети кориаш худро парронид. Ӯ ба сараш тир холӣ кардааст. Айни замон корманд дар шуъбаи эҳёгарии бемористон дар ҳолати вазнин қарор дорад", — омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки дар ҳоли ҳозир сабабҳои ба ин амал даст задани кормнади милитсия таҳқиқ мешавад.