Дар Қазоқистон автобусе бо 57 муҳоҷир аз Тоҷикистон осеб дидааст

Автобусе бо 57 шаҳрванди Тоҷикистон нимашаб дар вилояти Оқмулло аз сармо вайрон шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Автобусе, ки 57 муҳоҷир аз Тоҷикистон сарнишинаш буданд, душанбе шаб дар вилояти Оқмулло дар шимоли Қазоқистон аз шиддати сармо аз ҳаракат боз мондааст, иттилоъ дод Дафтари умури изтирории вилояти Оқмулло.

“Панҷоҳу ҳафт сарнишини автобусе, ки аз Мерке ба Тюмен мерафт ва 22 январ, соати 01:30 дақиқа, дар 198-ум килуметри роҳи Остона – Петропавловск аз ҳаракат боз монда буд, наҷот дода шуда ва ба шаҳри Макинск – маркази ноҳияи Буландӣ бурда шуданд”, — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Автобусе бо муҳоҷирон дар Қазоқистон оташ гирифт: 52 кас кушта шуд

Имдодгарон гуфтаанд, ки мусофирони ин автобус ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд ва барои корҷӯӣ ба Русия мерафтанд. Мутури автобус ба иллати то 45 дараҷа сард шудани ҳаво аз ҳаракат мондааст.