ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, бо сохтмончиёну масъулини иншооти мазкур ҳамсӯҳбат шудааст.
"Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба масъулини соҳа ҷиҳати босифат ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта ба истифода додани Коллеҷи мазкур як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод", омадааст дар хабарнома.
Сохтмони Коллеҷи оташнишонӣ дар Данғара
© Фото : Аз ВКД
Манбаъ меафзод, ки сохтмони Коллеҷи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар заминҳои фонди махсуси ҳудуди ҷамоати "Корез"-и ноҳияи Данғара аз моҳи августи соли 2017 оғоз гардида, бомаром идома дорад.