ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Шаҳрории Душанбе номгӯи саволҳоро барои довталабони озмун барои ишғоли ҷойҳои корро мунташир кардааст.
Дар ин рӯйхати 304 савол аз ҷумла дар бораи мафҳуми минтақаи озоди иқтисодӣ, Буҷети давлатӣ, сиёсати пулию қарзии давлатӣ, андоз ва андозситонӣ ва ғайраҳо оварда шудааст.
Саволҳо дар ду сафҳаи равобити умумии шаҳрдорӣ мунташир шудааст.
Пештар хабар дода шуд, ки шаҳрдории Душанбе барои ишғоли 26 вазифаи холӣ озмун эълом кардааст.
Шаҳрдори Душанбе ба мансабҳои зерин довталаб меҷӯяд-Мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мудири бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мудири бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сармутахассиси Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе — 2 ҷой,
Дар эълом ҳамчунин мансабҳои зерин-Сармутахассиси Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе — 2 ҷой, Сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сармутахассиси бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сармутахассиси бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:, Сармутахассиси бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе номбар шудааст.
Дар умум мақомоти шаҳрдорӣ барои 26 вазифа коргар меҷӯяд.
Довталабон барои ошноӣ бо шартҳои озмун ва маълумоти иловагӣ метавонанд ба сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.
Гуфта мешавад, ки ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар муҳлати 21 рӯз пас аз нашри эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, ё почтаи электронӣ dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе www.dushanbe.tj равон кунанд.