ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ҳангоми гузориш дар назди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи ҳукуматӣ аз як соли фаъолият ва нақшаҳояш барои соли 2018 гуфт.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи вай, дар соли 2017 дар шаҳри Душанбе 21 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, ҷиҳати таъсиси боз 31 ҳазор ҷойҳои нави корӣ барои сокинони пойтахт дар соли ҷорӣ нақшагирӣ шудааст.
"Бо мақсади сарфаи неруи барқ 1600 хона ва иншоот ба системаи гармидиҳӣ пайваст гардиданд. Соли 2018 бунёди 15 муассисаҳои замонавии таълимӣ бо такмили беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ карда хоҳад шуд",- қайд кард ӯ.
Шаҳрдор афзуд, дар Душанбе 70 майдончаи варзишӣ бо сифати баланд бунёд гардида, имсол бошад 12 боғу гулгашти муосир ва 92 майдончаи варзишии дигар бо муосиртарин воситаҳои машқу тамрин ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ босубот ҷараён дорад.
Ҳамчунин барои ҳалли мушкилии нақлиёти мусофиркашӣ дар дохили шаҳр, ба Душанбе бо 100 автобуси мусофиркашони муосир ворид карда мешаванд.
"Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт харидории боз 100 нақлиёти мусофиркашони ҷавобгуи стандартҳои муосир ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 13 адади он ворид гардида, рӯзҳои наздик ба хатсайрҳо ворид мешаванд",- изҳор дошт Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ.
Пештар дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки ниҳод барои пешбурди кораш мутахассис меҷӯяд. Довталабон метавонанд дар озмуни шаҳрдорӣ ширкат карда, соҳиби кор шаванд.