Милиса ду сокини шаҳри Душанберо ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир кард

Гумонбаршудаҳо барои "хидматрасониашон"- фароҳам овардани шароит барои муносибатҳои маҳрамона ба "мизоҷон" маблағи зиёд ба даст меовардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш дод, ки дар шаҳри Душанбе кормандони ниҳод зан ва мардеро ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, зани дастгиршуда 41 сол дошта, дар кӯчаи Аҳмади Дониш истиқомат мекардааст.

Гуфта мешавад, ин зан хонаи иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 39-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ва зани 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ  гирифтааст. 

Ҳамчунин бо ҳамин далел аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шудааст.

Номбурда, хонаи иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Айниро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 32-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ва зани 31-солаи сокини шаҳри Ҳисор барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ гирифтааст. 

Нисбати ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.