Картошкаву гӯшти арзон: дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи хӯрокворӣ баргузор мешавад

Дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд сокинони шаҳри Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, ва Истиқлолро ба намоишгоҳи хӯрокворӣ даъват кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд ҳафтаи равон дар 4 шаҳри вилояти Суғд намоишгоҳи хӯрокворӣ баргузор мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, намоишгоҳ бо ибтикори ақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 20 ва 21 январи соли 2018 дар ду мавзеъи шаҳри Хуҷанд — назди Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва маҳаллаи 20-ум, инчунин маркази шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.

Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор то 30 % арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.

"Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!",- менависад дафтари матбуотии вилоят.