Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ: раисҷумҳур ҳафт масъулро озод ва се тани дигарро таъин кард

Вазири молияи ҶТ, раиси Хадамоти гумруки ҶТ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ, муовини якуми сардори Хадамоти гумрук ва муовини сардори Хадамоти гумрук аз мақомҳояшон барканор шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабари тағйироти кадриро бо мунташир кардани фармонҳои вижаи раисҷумҳур ва қарори Ҳукумати ҶТ таъйид кард.

Ҳамин тавр, бо фармони раисҷумҳур Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз мақомаш барканор шуд.

Бо фармони дигар, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, вазири молияи ҶТ таъин шуд.

Дар фармони вижаи раисҷумҳур омадааст: "1. Қурбониён Абдусалом Карим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад."  Аммо масъулии кадом ниҳодро ба дӯш гирифтани Абдусалом Қурбониён ҳоло маълум нест. Ба симати вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор таъин шуд.

Ҳамин тавр, муовини  сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдализода Суҳроб Қурбон низ бо қарори Ҳукумати ҶТ вазифаашро аз даст дод.

Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд ва раиси хадамоти мазкур таъин гардид.

Дар қарори навбатии раиси Ҳукумати ҶТ омдааст, ки Абдуфаттоҳ Ғоиб бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Ҳоло "кори дигари" Абдуфаттоҳ Ғоиб маълум нест.