Дуздии ду сокини шаҳри Душанбе аз бозори "Султони Кабир" ошкор шуд

Ду сокини Душанбе бо роҳи пинҳонӣ амволи як соҳибкорро, ки дар умум 11 ҳазору 430 сомониро ташкил медиҳад, диздида аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, дар шаҳри Душанбе дуздии ду мард аз бозори "Султони Кабир" ошкор шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршудаҳо — марди 29-сола ва 59-солаи сокини шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми январ анбори як соҳибкори 30-солаи бозори мазкурро ғорат кардаанд.

"Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур, соҳибкор, муроҷиат намудааст, ки 16-уми январи соли 2018, тахминан соати 11:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди амборхонааш, воқеъ дар бозори "Султони Кабир" шуда, аз он ҷо 28-адад "Магнитофон" ва 2-адад "Динамик", ҷамъ ба маблағи 11 ҳазору 430-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд",-қайд мекунад манбаъ.

Гумонбаршудаҳо аз ҷониби кормандони милиса дастгир шуда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва тафтишот идома дорад.

ВУД исми соҳибкор ва ҷинояткоронро ифшо накардааст.