Сенатори амрикоӣ Доналд Трампро бо Сталин муқоиса кард

Ба гуфти сенатори амрикоӣ Ҷеф Лейк ибораи "душмани халқ" чунон тунд буд, ки ҳатто Никита Хрушев пас аз марги Сталин истифодаи онро мамнӯъ карда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сенатори амрикоӣ Ҷеф Лейк раисҷумҳури Амрико Доналд Трампро бо раҳбари советӣ Иосиф Сталин муқоиса кард. Сабаби чунин муқоиса истифодаи ибораи "душмани халқ" аз ҷониби Доналд Трамп буд.

Трамп пештар чанде аз расонаҳоро "хабарҳои бардурӯғ" унвон карду расонаҳои ҳизбҳои муфолихро "душмани халқ" ("the enemy of the people") номид.

Аксари расонаҳои амрикоӣ дар остонаи интихоботи раисҷумҳур порсол аз номзадии Хиллари Клинтон пуштибонӣ мекарданд.

Ба гуфти сенатори амрикоӣ ибораи "душмани халқ" чунон тунд буд, ки ҳатто раҳбари советӣ Никита Хрушев пас аз марги Сталин истифодаи онро мамнӯъ кард.

Дар баробари ин Флейк бар ин аст, ки бо гуфтани "хабарҳои бардурғӯ" (fake news) Трамп мехоҳад аз воқеъят дур равад. Ба гуфти ӯ ин ибораро "диктарорҳои муосир" барои мубориза бо онҳое, ки бо ӯ мувофиқ нестанд, истифода мекунанд.