Дар Маҷлиси Ҳукумат Рустам Эмомалӣ ба раисҷумҳур чӣ гузориш дод?

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт харидории боз 100 нақлиёти мусофиркашони ҷавобгуи стандартҳои муосир ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 13 адади он ворид гардида, рӯзҳои наздик ба хатсайрҳо ворид мешаванд, изҳор дошт Раиси шаҳри шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, имрӯз дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии раисҷумҳур Эмомалӣ  Раҳмон Маҷлиси васеи ҳукуматӣ баргузор шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Ба иттилои дафтари матботӣ дар назди кишвардор чанде аз масъулини кишвар ҳисобот доданд.

Чунончӣ шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ баромад карда, аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли ҳисоботии 2017 гузориш додааст.

Бино бар ҳисоботи шаҳрдор, дар Душанбе дар соли 2017 21 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд. Ҳамчунин, 1600 хона ва иншоот ба низоми гармидиҳӣ пайваст шудаанд.

"Дар пойтахт 70 майдончаи варзишӣ бо сифати баланд бунёд гардида, имсол бошад 12 боғу гулгашти муосир ва 92 майдончаи варзишии дигар ба нақша гирифта шудааст",- қайд кардааст раиси шаҳр.

Афзун бар ин, бино бар гузориши Рустам Эмомалӣ, "дар пойтахт соли сипаришуда 66 км. роҳҳо бунёд ва таҷдиду навсозӣ шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2016 44 км. зиёд аст. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт харидории боз 100 нақлиёти мусофиркашони ҷавобгуи стандартҳои муосир ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 13 адади он ворид гардида, рӯзҳои наздик ба хатсайрҳо ворид мешаванд".

Ҳамчунин шаҳдор ба кишвардор аз кӯмакпулиҳои раиси шаҳр ба донишҷӯён ва хонандагон, фаъол шудани телефонҳои боварии раиси шаҳр барои иртибот бо мардум нақл кардааст.