Супоришҳои Аҳмадзода ба масъулини иттиҳодияи илмии Раҳмон Набиев

Раиси нави вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини Ассотсиатсияи илмию истеҳсолии Раҳмон Набиев дастур дода, ки дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа ҷиҳати дарёфти навъҳои наву ҳосилдеҳи тухмиҳо чораандешӣ кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати андешидани чораҳои иловагӣ ба хотири омодагӣ ба мавсими нави киштукор дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Нимаи дуюми рӯзи 16 январ Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагии соҳаи кишоварзӣ ба киштукори баҳорӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид кардааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба собиқадорони меҳнат кӯмакҳои моддӣ расонд

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз минтақаҳои аграрии вилоят ба ҳисоб рафта, самаранок истифода бурдани захираву имкониятҳои истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани маданияти заминдорӣ метавонад ҳиссаи ин ноҳияро дар рушди иқтисодии вилоят афзунтар гардонад.

Вазъи заминҳоро роҳбари вилоят дар хоҷагиҳои дигари ноҳия низ аз назар гузаронидааст.

Дар хоҷагии Ҷаббор Расулови деҳоти Ёва омодагии хоҷагидорон ба мавсим қаноатбахш арзёбӣ шудааст. Дар аксари заминҳои ин хоҷагӣ шудгор ба роҳ монда шуда, маъракаи яхобмонӣ ва шуршӯӣ идома дорад. Саҳмдорони ин хоҷагӣ асосан ба пахтакорӣ машғул буда, соли гузашта 25 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд.

Дар шароити кунунӣ дар заминҳои обӣ кам кардани кишти ғалла ва афзун намудани майдони пахта, инчунин ташкили семинарҳои дастурдиҳӣ ҷиҳати фаҳмонидани усулҳои зиёд намудани ҳосил ба деҳқонон мувофиқи матлаб арзёбӣ гардидааст.

Роҳбари вилоят ба кишоварзон тавсия додааст, ки аз тухмиҳои серҳосил истифода бурда, роҳу усулҳои манфиатбахшро ҷиҳати афзун намудани ҳосилнокии пахта истифода баранд.

"Дар ин замина, ба масъулони Ассотсиатсияи илмию истеҳсолии Раҳмон Набиев дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа ҷиҳати дарёфти навъҳои наву ҳосилдеҳи тухмиҳо чораандешӣ кунанд. Вазъи бошишгоҳи трактории хоҷагии Раҳмон Набиеви ноҳия низ беҳбудиро тақозо дорад", — омадааст дар хабарнома.

Раиси нави Суғд рӯзи якшанбе ба бозор рафту нархи гӯштро арзон кард

Роҳбари вилоят дар мисоли ин бошишгоҳ супориш додааст, ки гуруҳи корӣ ташкил карда шуда, ҳолати тамоми паркҳои тракторӣ омӯхта ва ҷиҳати барқарорсозии онҳо тадбир андешида шавад.

Дар ин самт таҳияи лоиҳаҳои мушаххаси имтиёзнок барои воридоти техникаи киштварзӣ мусоидат хоҳад кард. Рафти омодасозии заминҳо ба кишти баҳорӣ дар хочагии Абдураҳим Ҷумъаев низ хуб ба роҳ монда шуда, деҳқонон ба яхобмонии майдонҳо машғуланд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти деҳқонони ин хоҷагӣ қаноатманд шуда, таъкид кардааст, ки ҳар нафари заминдор бояд ба ин неъмати ризқофар дилсӯзона муносибат кунад ва онро оқилона истифода барад.