ДУШАНБЕ, 17 янв— Sputnik. Донишомӯзони тоҷик аз 14-умин Олимпиадаи байналмилалии "IZHO-2018" аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ 11 медал оварданд.
Дар ин бора Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар медиҳад.
Аз 10 то 16 январи соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон 14-умин Олимпиадаи байналмилалии "IZHO-2018" аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки дар олимпиада Тоҷикистонро 5 даста муаррифӣ намуда миёни дигар кишварҳо бо сазовор гардидани ҷойҳои ифтихорӣ парчами ҷумҳуриро боло бардоштанд.
Дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков Абубакр Усмонов сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Инчунин Меҳрон Бобохонов, Наимҷон Хонҷонов, хонандагони Муассисаи таълимии хусусии литсей-интернати тоҷикӣ-русии "Ҳотам ва П.В" аз фанни математика, Фарҳод Ҳакимиён, хонандаи Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардиданд.
Сабина Абдураҳмонова аз фанни физика, Парвизҷон Алиев ва Муҳаммадҷон Кличев аз фанни математика аз Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Душанбе, Далер Пиров, Фараҳманд Ҳасанов аз фанни физика, Комрон Абдуллоев аз математика, Хусрав Ашурзода аз фанни технологияи иттилоотӣ аз Муассисаи таълимии хусусии литсей-интернати тоҷикӣ-русии "Ҳотам ва П.В" сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ шуданд.