Тоҷикистон ва Қазоқистон ба якдигар замин медиҳанд

Тоҷикистон ва Қазоқистон бар асоси тавофуқнома ба якдигар якҳекторӣ замин барои сохтусози намояндагиҳои дипломатӣ медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Бар асоси тавофуқнома миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳар кадоме аз ин кишварҳо ба дигарашон якҳекторӣ заминро ба муддати 49 сол бо нархи намодин иҷора медиҳанд.

Ба гузориши Sputnik Қазоқистон, дар ин қитъа заминҳо намояндагиҳои дипломатӣ чун сафоратхона ва консулгариҳо сохта хоҳанд шуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳамакнун дар шаҳри Остона – пойтахти нави ин кишвар ҷой дорад.

Гуфтанист, чанде пеш яке аз намояндаҳои Маҷлиси Қирғизистон аз давлати он кишвар хост сафоратхонаи Қирғизистон дар Тоҷикистонро аз Душанбе ба Хуҷанд бикӯчонад.

“Бештарин бахши ҳамкориҳои Қирғизистон бо Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд амалӣ мешаванд, вале мо дар ин шаҳр намояндагие надорем. Масъалаи бурдани сафорат ба он шаҳрро бояд баррасӣ кунед”, — хостор шудааст Таабалдӣ Тиллоев аз ҳукумати кишвараш.