Александр Лукашенко эътимодномаи сафири тоҷикро қабул кард

Пас аз маросими супоридани Эътимоднома суҳбати кӯтоҳи Маҳмадшариф Ҳақдод ва Александр Лукашенко сурат гирифт, ки зимни он таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 янв- Sputnik. Тавре Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, 16-уми январ дар шаҳри Минск маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод ба раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко баргузор шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома суҳбати кӯтоҳи Маҳмадшариф Ҳақдод ва Александр Лукашенко   сурат гирифт.

"Зимни мулоқот ҷонибҳо таҳким ва густариши муносибатҳои Тоҷикистону Белорусро баррасӣ карда, баҳри амалӣ намудани тавофуқоте, ки сарони ду давлат зимни сафари кории раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус, 1 декабри соли 2017 мавриди муҳокима қарор дода буданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Пештар хабар дода шуд, ки Маҳмадшариф Ҳақдод бо вазири кишоварзӣ ва озуқаи Беларус, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ Леонид Заятс дидор кардааст.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷоративу истеҳсолӣ дар асоси тавофуқоте, ки сарони ду давлат зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус 1 декабри соли 2017, мавриди муҳокима қарор доданд.