ВУД: Милиса пора гирифт? - Ба телефони боварии вазир занг занед!

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, дар ҳолати муроҷиати шаҳрванд ба вазорат махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо дар бораи онҳо кафолат дода мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 янв- Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эъон кардааст, ки шаҳрвандон метавонанда ҳангоми дучор шудан ба ҳолатҳои даст ба фасод задани кормандони милиса ба телефони боварии Вазири умури дохилӣ занг зананд.

"Ҳангоми ба кирдорҳои коррупсионӣ ё дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даст задани кормандони милитсия шаҳрвандон метавонанд ба воситаи "Телефони боварӣ"-и Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 занг занад",- гуфта мешавад дар эълони ВУД.

Тавре манбаъ афзудааст, ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд аз порагирии милиса ба телефони мобилии "Хабарнигори фаврӣ" ба рақами + 992 939 222 111 шикоят кунанд.

Телефони хабарнигори фаврӣ ҳамчунин ба Вибер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) низ пайваст аст, гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кафолат додааст, ки маълумот дар бораи шахсони муроҷиаткунанда махфӣ нигоҳ дошта мешавад.