ДУШАНБЕ, 17 янв- Sputnik. Тавре аз Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, боридани барф дар назар дошта шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард хоҳад шуд.
Ба иттилои ожонс, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи номусоид гашта, боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 6-11 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 4-1 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз сокинони пойтахтро боридани барфи деринтизор хушҳол мекунад. Ҳарорат шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.