Ҳушдори КҲФ аз барфрезӣ ва боди тунд

Дар Тоҷикистон номусоиди боду ҳаво барфрезӣ ва боди сахт ба вижа дар вилояти Суғд пешбинӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз барфрезию тундбод ҳушдор медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, рӯзҳои 16 ва 17-уми январ ҳаво номусоид мешавад.

Дар ин рӯзҳо ба вижа дар манотиқи вилояти Суғд, барфрезии зиёд ва боди тунд пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин фаромадани меғ дар роҳҳои мошингард дар назар аст.

Барфу боду борон: ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро ҳушдор месозад, ки дар ин рӯзҳо дар роҳҳо боэҳтиёт бошанду қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Ба хотири амният, КҲФ даъват мекунад, ки шаҳрвандон дар ин замон ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро ба таъхир гузанд, ё чандин маротиба роҳи мошингардро пеш аз ҳаракат тафтиш намоянду чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз кунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва вазиши боди тунд пешбинӣ мешавад.

Дар назар аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон барфборад.