Афзоиши шумораи соҳибкорон дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд шумораи соҳибкорон ба 9123 кас расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар додаааст.

Гуфта мешавад, ки теъдоди соҳибкорон дар шаҳри Хуҷанд ба 9123 нафар расида, аз онҳо 6559 нафар бо патент ва 2564 нафар бо шаҳадотнома фаъолият доранд.

Раиси нави Суғд рӯзи якшанбе ба бозор рафту нархи гӯштро арзон кард

Танҳо дар соли гузашта 1543 нафар бо патент ва 286 нафар бо шаҳодатнома фаъолияти худро оғоз намудаанд, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2016 шаш дарсад афзоиш ёфтааст.

Соли 2017 тамоюли барҳамхӯрии фаъолияти соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 5,2 фоиз ва бо шаҳодатнома фаъолияткунанда 77 дарсад кам гардидааст. Аз миқдори умумии онҳое ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, 1866 нафар, ё 20,5 фоизашонро занҳо ташкил дода, 1459 нафар бо патент ва 407 нафар бо шаҳодатнома фаъолият мебаранд.

Пештар хабар дода шуд, ки соҳибкоре дар шаҳри Хуҷанд маркази табобатӣ бунёд кард.

Дар ин марказ 20 нафар мутахассисони соҳаи тиб ба кор ҷалб шудаанд, ки бархе аз онҳо дар Русия ва Куриё таҷриба андӯхтаанд.