Шуъбаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар Кӯлоб таъсис дода мешавад

Шуъбаи Донишгоҳи русиву тоҷикӣ дар Кӯлоб бар пояи мактаби № 7 бунёд шуда ва таҳсил дар он аз рӯи барномаи омӯзишии Русия сурат хоҳад гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ҳукумати Русия пешнависи созишнома бо Тоҷикистон барои таъсиси шуъбаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар Кӯлобро тасвиб кардааст.

Қарори Ҳукумати Русия дар вебгоҳи расмии иттилоъоти ҳуқуқӣ мунташир шудааст.

Шуъбаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар Кӯлоб “Мактаби миёнаи таҳсилоти умумии русӣ-тоҷикӣ” номида шуда ва бар пояи мактаби № 7 Кӯлоб ташкил карда мешавад. Омӯзиш дар ин мактаби русӣ-тоҷикӣ аз рӯи барномаҳои таҳсилотии ҷорӣ дар Русия сурат хоҳад гирифт.

Бино бар пешнависи созишнома, Русия барои таъмини фаъолияти ин мактаб ба Тоҷикистон сохтмонеро дар Кӯлоб вогузор карда ва тамъини молии онро низ ба уҳда мегирад.

Русия дар Тоҷикистон 5 мактаби русӣ бунёд мекунад

Пештар хабар дода шуда буд, ки Русия дар панҷ шаҳри калони Тоҷикистон мактабҳои русӣ таъсис хоҳад дод.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ҳам дар мақолае ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Русия ва Тоҷикистон навишта буд, ки бар пояи тавофуқоти сарони ду кишвар 28 омӯзгор аз минтақаҳои гуногуни Русия барои кор дар мактабҳои маҳаллӣ ба Тоҷикистон омада ва 60 ҳазор китоби дарсӣ ба забони русӣ низ ба он кишвар фиристода шудааст. Масъалаи сохтусози 5 мактаби русӣ дар шаҳрҳои калони ин кишвар дар дасти баррасӣ қарор дорад.