ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Амркио Дналд Трамп гуфтааст, ки кадом муҳоҷиронро дар Амрико дидан мехоҳад.
"Ман ҳамчун раисҷумҳур, мехоҳам ба кишвари мо нафароне биёянд, ки ба Амрико кумак кунанд, то ар сар пурзӯр шавад, онҳое ки зиндагӣ дар Амрикоро сазовор ҳастанд. Бахтозмоӣ бас!", — навиштааст Трамп дар саҳифаи Twitter худ.
Пештар хабар дода шуд, ки Доналд Трамп ғолибони бахтозмоии Грин кортро "партов" гуфт.
"Ин лотерея аст. Шумо ғолибонро интихоб мекунед. Оё шумо фикр мекунед, ки кишваре кадрҳои беҳтаринашро ба Амрико медиҳад? Не",- гуфт Доналд Трамп.
"Ин чӣ низомест? Онҳо ба воситаи пирӯзӣ дар бахтозмоӣ ба кишвари мо меоянд. Кишварҳо бароямон шаҳрвандони пасттаринашонро медиҳанд, онҳоро мисли партов мепартоянд",- таъкид кард вай.
Доналд Трамп гуфт, роҳбарияи вай ҳоло ба Маҷлиси Амрико пешниҳод мекунад,ки кишвар сиёсати муҳоҷиратиашро тағйир диҳад. Вай ҳамчунин аз ду ҳамлаи хунин дар Амрико ёдовар шуд, ки ба гуфтаи вай ҳамлагарон бо роҳҳои гуногун ба Амрико рафта буданд.
Пештар низ раисҷумҳури Амрико изҳор дошта буд, ки мехоҳад низоми Грин кортро дар кишвараш лағв кунад. Пас аз ҳамлаи хунини як зодаи Узбакистон, ки ба Амрико ба воситаи бахтозмоӣ рафта будааст, Трапм гуфт, теруристро ба дор кашанду Грин кортро лағв кунанд.