Рустам Эмомалӣ беҳтарин тарабхонаи Душанберо муайян мекунад

Комиссияи озмуни "Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе" бояд то 15 феврали соли 2018 барои мукофотонидани ғолибон ба раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар пойтахт озмуни "Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе" баргузор мешавад. Дар ин бора шаҳрдори Душанбе қарор баровардааст.

Гуфта мешавад, ки то рӯзи 15 феврал комиссияи озмуни "Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе" бояд  барои мукофотонидани ғолибон ба раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

Бонувони Душанбе барои дарёфти Ҷоми Рустам Эмомалӣ қувваозмоӣ мекунанд

Дар баробари ин сарраёсати молияи шаҳри Душанбе якҷоя бо сохторҳои дахлдор барои бо мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ намудани ғолибон вазифадор шудаанд.

Гуфта мешавад, ки  ин озмун бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорони масъулиятшинос, фароҳам овардани шароит бобати ба вуҷуд овардани ангезаву ҳавасмандии соҳибкорон ба беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ дар корхонаҳои хӯроки умум, ба вуҷуд овардани рақобатнокии бештар дар ин намуди бозори хизматрасонӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллии меҳмоннавозӣ ва инкишофи ҳунари пухтупази навъҳои гуногуни хӯрокҳои милливу ғайримиллӣбаргузор мешавад.

Озмун дар остонаи Рӯзи пойтахт ҷамъбаст хоҳад шуд.