Гузориши аксӣ аз консерти хайрияи овозхонони Бадахшон дар Маскав

Sputnik

Гурӯҳи "Ҷирай", Толиб Саодатқадамов, шоири ҷавон Фаромуз Ақдодов ва дигар овозхонҳои муқими Маскав барои кумак ба Акмал Меҳрубонов, ки аз бемории норасоии гурда ранҷ мебарад, консерт баргузор карданд/

Даромаде, ки аз ин корсерт ҷамъ шуд, барои ҷарроҳии Акмал Меҳрубоншоев ном ҷавоне аз шаҳри Хоруғ ҳазина мешавад, ки чанд сол боз аз норасоии гурда ранҷ мебарад.
Барои дастгирии Акмал ва тамошои ҳунари овозхонони Бадахшон ҷавонону миёнсолон, дӯстону пайвандон ва хонаводаҳои ҷавон ҳамроҳи кӯдаконашон омада буданд.

1 / 8
Муҷрии барномаи консертӣ Маърифат
2 / 8
Далер Мирзошоев
3 / 8
Акмал Ошурмамадов дар консерт сурудҳои "Дил бувад асири ишқ", "Шод омадӣ", "Дил ба ту додам ай парӣ" иҷро кард.
4 / 8
Дар баробари шунидани навои "рапой" (яке аз маъруфтарин оҳангҳои рақсии мардуми Бадахшон, — шарҳ аз идора) раққосони моҳир ба майдон омаданд. Ҳар яке бо дастафшониву шонаҷунбонию покӯбӣ тамошобинонро ба ваҷд оварданд, вале бештари раққосон занон буданд.
5 / 8
Шумораи мардон ҳам дар толор кам набуд, вале аз шарм бошад ё вз ҷиддият онҳо камтар ба рақс майл мекарданд.
6 / 8
Барои дастгирии Акмал ва тамошои ҳунари овозхонони Бадахшон ҷавонону миёнсолон, дӯстону пайвандон ва хонаводаҳои ҷавон ҳамроҳи кӯдаконашон омада буданд.
7 / 8
Дар баробари шунидани навои "рапой" (яке аз маъруфтарин оҳангҳои рақсии мардуми Бадахшон, — шарҳ аз идора) раққосони моҳир ба майдон омаданд. Ҳар яке бо дастафшониву шонаҷунбонию покӯбӣ тамошобинонро ба ваҷд оварданд, вале бештари раққосон занон буданд.
8 / 8
Чунин менамуд, ки ин як маҳфили хонаводагӣ бошад. Тамошобинонро аз дар ризокорон бо як самимияту дилгармӣ хушомадед мегуфтанду ба курсиҳои нарми толор ҷой дода бо меҳмоннавозӣ чойи гарм пешниҳод мекарданд, ки махсус аз ҷониби соҳиби тарабхона дар ин рӯз ройгон дода мешуд.