Сафири тоҷик бо вазири белорус сафари раисҷумҳурро муҳокима кард

Сафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо вазири кишоварзӣ ва озуқаи Беларус, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ Леонид Заятс дидор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik.  Дар ин бора дар равобити умумии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 11-уми январи соли 2018 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар  Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо вазири кишоварзӣ ва озуқаи Беларус, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ Леонид Заятс баргузор гардидааст.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷоративу истеҳсолӣ дар асоси тавофуқоте, ки сарони ду давлат зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус 1 декабри соли 2017, мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба тиҷорату иқтисод дар семоҳаи якуми соли 2018 дар шаҳри Душанбе ва ташкил намудани  намоиши маҳсулотҳои корхонаю ширкатҳои беларусиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додаанд.