Ҷавони 19-сола ҳамсолашро то мурдан лату кӯб кард: дар Суғд

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иттиҳоми куштори ҷавони 19-сола ҳамсолаш боздошт шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.

Ба иттилоъи манбаъ, ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 8 январ рух додааст.

Рӯзи 8-уми январ, тахминан соати 19:00, дар назди нуқтаи фурӯши сузишвории "Аорум ойл", воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷӣ ҷавоне бо ҷавонписари 19-солаи сокини ҷамоати мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб кардааст.

"Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", — омадааст дар хабарнома.

Кормандони милитсия дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ ҷавонписари 19-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.