Сафири навтаъйини Олмон бо вазири умури дохилӣ дар чӣ бора суҳбат кард?

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер Виссинг дидору гуфугӯ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Дар ин дидор ҳамчунин дабири аввали сафорати Олмон дар Душанбе Ҳаралд Краузе ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштаанд.

Вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Найтхарт Хёфер Виссингро ба муносибати ба тозагӣ таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъули давлатӣ табрику муборакбод намуда, дар иҷрои вазифаҳои муҳим барору комёбиҳо таманно кардааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор доданд.

"Ҳамчунин ба масъалаҳои мубодилаи таҷриба, иттилоот ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардидааст", — омадааст дар хабарнома.

Дар хотимаи мулоқоти судманд, ҷонибҳо ҷиҳати рушду нумӯъ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният боварии худро изҳор доштанд.