Озмуне дар Facebook ҳама тоҷиконро помирӣ "баровард"

Бархе аз шаҳрвадони Тоҷикистон аз натоиҷи озмуни бархатте, ки дар Facebook миллияташонро "помирӣ" нишон додааст, шигифтзада шудаанд. Бархеро ҳам аз ин "миллатсозӣ" хуш омадааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Натоиҷи озмуни бархатте, ки дирӯз дар ин шабакаи иҷтимоъӣ баргузор шуда, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ду даста ҷудо кард: бархе аз ин ки Facebook миллияташонро "помирӣ" нишон додааст, шигифтзада шудаанд ва бархе дигарро аз ин "миллатсозӣ" хуш омадааст.

Ин озмун миллияти ҳар корбареро, ки акси худро дар он боргузорӣ карда аз он мегузашт, "помирӣ" менавишт, хоҳ корбар аз Помир буда бошаду хоҳ аз дигар гӯшаву канорҳои Тоҷикистон.

Барномаи нав дар фейсбук

Бархе ин озмунро шӯхӣ дониставу онро осон гирифтаанд, вале чанде аз шаҳрвадони Тоҷикистон, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ фаъол ҳастанд, ин озмунро "фитна" хонда ва корбаронро аз ширкат кардан дар он парҳез додаанд.

Чунончи, рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков ин озмунро "фитна" хондааст.

"Чанд рӯз аст тавассути шабакаи "Фейсбук" ба қавли устод Абдуқодир Рустам "маърака" — и зиддимиллие оғоз шудааст, ки ҳамагон бояд ба ин фитна дода нашавем. 10 нафаре, ки аз бозии "Кто ты по национальности" кор мегирад 3 нафар ҷавоби "Ты Памирец по национальности" мегирад. Мутмаинам, ки фитнагарон чанд ҷавони Бадахшӣ-Аврупоиро ки тақрибан 18-25 солаанду аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум бехабар, дар ин "бози" — и хатарнокашон истифода карда истодаанд, зеро пайваста моро тули таърих аз дарун ба ҳам шӯронидаанд. Ҳадафи душманони суботу ҳамбастагиии ТОҶИКОН ихтилол ба ваҳдату якпорчагии ТОҶИКИСТОНИЁН аст. Ду неъмат аст, ки то аз ту нараванд, ба қадраш намерасӣ: САЛОМАТӢ ВА АМНИЯТ(ҳадис). Иштирок дар ин бозӣ ҳам кори аҳмақона аст, чаро миллиятатро аз "Фейсбук" бояд пурсӣ??? ", — навиштааст вай дар яке аз гурӯҳҳои фейсбукӣ.

Абдуқодир Рустам худ ин пурсишро матраҳ кардааст, ки "дар Помир қирғизҳо ҳам ба сар мебаранд, пас миллати онҳо кадом аст?"

Аммо Насибҷон Амонӣ, яке дигар аз рӯзноманигорони саршинос, ин озмунро ба барномаи миллатсозии давлати Афғонистон пайванд задааст.

"Ба чунин навиштаҳои зиддимиллӣ набояд ҳамроҳ шуд. Ин маъракаҳои душманони миллат дар ҳоле роҳандозӣ мешавад, ки дар Афғонистон ҳам душманонамон барои пора кардани миллатамон онҳоро ба аймоқу қизилбошу помирӣ… ҷудо кардан мехоҳанд. Ин нақшаи шуми афғонмиллатиҳо ба сарварии Ашраф Ғанӣ аст, ки ҷойгоҳи миллати тоҷикро дар кишвар поин заданӣ ҳастанд. Ҳама ақвоми кишварро афғон гуфтани намояндагони як қавм низ идомаи ҳамон сиёсатҳои қавмгароӣ аст. Вале ин қавмгароён ба ин мақсадҳои шумо худ намерасанд ва ҳама тоҷиконамон дар ҳар ҷое ҳастанд, чи дар Тоҷикистону чи дар Хуросон (Афғонистон) ба рағми душманон якпорчаву муттаҳид боқӣ мемонанд", — навиштааст вай.

Аслишоҳ Қурбониев, ки дар донишкадаи пажӯҳишҳои Осиё ва Ховари Миёна дар Донишгоҳи Кембриҷ дар бораи шаклгирии гуфтмонии ҳувият дар фазои маҷозӣ пажӯҳиш анҷом додааст, мегӯяд дар мавриди ҳувияти помирӣ ва пофишории мардуми Помир (ба вижа ҷавонон) рӯи ҳувияти "помирӣ" суъитафоҳум бисёр аст, вале се мавридро барҷастатар мешуморад.

"Ин пиндор, ки ҳувияти помирӣ ҳувияти маҳалгароёна аст ё ба ормонҳои ҷудоихоҳонаи мардуми Помир бар мегардад, нодуруст аст. Маҳаллгароӣ дар ҳама маҳаллҳо ҳаст ва дар Бадахшон аз дигар мантақаҳо бештар нест. Фақат ҷуғрофиё наметавонад ҳувиятсоз бошад", — мегӯяд ин пажӯҳишгар.

Вай таъкид мекунад, ки ин гумон, ки ки гӯё ҳувияти помириро русҳо бар мардуми Помир таҳмил кардаанд, аз беху бун ғалат аст. "Аслан, далеле  дар таъйиди ин гумон вуҷуд надорад, баръакс сиёсати русҳо аз оғози давраи шуравӣ сохтани як миллати сусиёлистии тоҷик аз мардумони Помир будааст. Русҳо пеш аз шуравӣ ҳам моро "тоҷикони Помир" меномиданд. Аслан, агар касоне чун Шириншо Шотемур намебуданд, ё агар, масалан, мардумони Помир намебуданд, шояд сохтани як ҷумҳурии шуравии тоҷик ҳам имконпазир намебуд. Дар ин бора шакку тардиде нест", — ёдоварӣ мекунад ӯ.

"Ҳақиқат ин аст, ки мардуми Кӯҳистони Бадахшонро тоҷикони форсизабони дигар манотиқи Тоҷикистон "помирӣ" номидаанд. Ин ном ҳаддақалл аз солҳои 1950 ба баъд маъмул шудааст. Мардуми Кӯҳистони Бадахшон то он замон худро тоҷик мешинохтаанд, ҳарчанд ки бо тоҷикони форсизабон тафовутҳои забонӣ, мазҳабӣ ва тарододӣ доштанд", — мегӯяд вай. 

"Бархе гумон доранд, ки "помирӣ" будан аз бесаводӣ ё камхондагӣ, шояд ҳам аз як идеулужии ҷудоихоҳона бархоста бошад. Ман фикр мекунам, ки ин омилҳо ҷой надоранд ва агар ҷой дошта бошанд ҳам чандон муҳим нестанд. Ҳувиятхоҳӣ сабабҳои дигаре дорад ва муҳимтаринашон табъиз (дискриминация), бадномсозӣ (стигматизация) ва фишор аз берун аст. Агар, масалан, бихоҳем, ки мардумони Помир худро ҷузъи миллати тоҷик бишморанд, бояд ҳаддақалл забонҳои модарии онҳо дар мактабҳо омӯзонда ва барномаҳои телевизионӣ ба забонҳои помирӣ роҳандозӣ шаванд", — мегӯяд Аслишоҳ Қурбониев.