Рустам Эмомалӣ аз Ожонси мубориза бо фасод хост кори шаҳрдории Душанберо бозрасӣ кунад

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ аз Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод хостааст, ки амалкарди шаҳрдории пойтахти Тоҷикистонро бозрасӣ кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе 15-уми январ бо нашри иттилоъияе ҳадаф аз ин бозрасиро “таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои будҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе” гуфтааст.

“Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дархост намуданд”, — гуфта мешавад дар ин иттилоъия.