Додгоҳи олии ҶТ яке аз ҷангҷӯёни гурӯҳи мулло Абдуллоро 15 сол зиндонӣ кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон яке аз ҷангҷӯёни пешини гурӯҳи мулло Абдуллоро ба 15 соли зиндон маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ба иттилоъи маркази матбуотии Додситонии кулли ҶТ, Неъматулло Назиров муттаҳам ба узвият дар дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Абдулло Раҳимов маъруф ба “мулло Абдулло” дар замони даргириҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуда буд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро дар ҳамлаи мусаллаҳона ба автобуси мусофирбар дар моҳи июни соли 1996 муҷрим шинохта, ки дар паи он ҳамла як корманди ВКД ва 5 мусофир кушта ва 6 мусофири дигар захмӣ шуда буданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 27 декабри соли 2017 Неъматулло Назировро, ки 43 сол дошта ва дар деҳаи Муҷихарв аз рустоҳои ноҳияи Нуробод зиндагӣ мекардааст, ба 15 соли зиндони шадиднизом маҳкум кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки нерӯҳои амниятӣ Неъматулло Назировро моҳи сентябри соли 2015 боздошт карда буданд. Вай дар навори бозпурсиаш гуфта буд, ки “дар солҳои навадум ҳар дастуреро, ки мулло Абдулло мефармуд, иҷро кардааст”.

Мулло Абдулло ё Абдулло Раҳимов, яке аз раҳбарони гурӯҳи мусаллаҳи мухолиф буд, ки шароити сулҳи ҳукумат ва мухолифинро напазируфта ва солҳо бо нерӯҳои давлатӣ ҷангид, аммо саранҷом дар соли 2011 дар як амалиёт дар водии Рашт кушта шуд.