Аз базми солинавӣ то волейбол: рӯзҳои истироҳатии бадахшониён дар Маскав

Sputnik

Чорабинии солинавӣ рӯзи 6 январ дар Қасри ба номи Иван Яригини Маскав баргузор шуд. Дар ин базми солинавӣ беш аз 700 кӯдак бо волидонашон ширкат карданд.

Дар баробари ин ҷамоъати Бадахшони Тоҷикистон дар рӯзҳои истироҳат сабқатҳои варзишӣ-волейбол ва футболи хурд баргузор карданд. Ин мусобиқот ба Ҷашни Алмосии Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ бахшида шуд.

Гузориши аксии Sputnik Тоҷикистонро аз мусобиқот тамошо кунед.

 

1 / 10
Барнмаи солинавӣ аз се қисм-Барбоскинҳо, Дили сард, Одами оҳанин ва Бамблби иборат буд.
2 / 10
Рӯи кӯдакони хоҳишманд бо рангҳои гуногун оро дода мешуд.
3 / 10
Ҳамаи кӯдакон аз дасти Бобои барфӣ тӯҳфа гирифтанд.
4 / 10
Кӯдакон бо мароқи том бо Бобои барфӣ акс мегирифтанд.
5 / 10
Дар охири базми солинавӣ барои кӯдакон лаҳзаи мусиқӣ баргузор шуд.
6 / 10
Сабқати волейбол ба муносибати Ҷашни Алосии Оқохон IV.
7 / 10
Ҳар рӯз дӯстони бозигарон барои дастгирии онҳо ба мусобиқа ҳозир мешуданд.
8 / 10
Дар қаҳрамонӣ оид ба футболи хурд 10 даста ширкат краданд.
9 / 10
Барои мақоми сеюм дастаи "Ғунд" ва "Ирбис" рақобат карданд. Дастаи "Ғунд" рақибони худро бо ҳисоби 10:1 мағлуб кард.
10 / 10
Дар даври ниҳоӣ тимҳи "Фарзандони Помир" ва "Ишкошим" рақобат карданд.