Сафири Тоҷикистон дар Эрон хостори густариши ҳамкории донишгоҳҳои ду кишвар шуд

Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар дидор бо шаҳрдори Табрез хостори густариши ҳамкориҳои илмиву омӯзишии донишгоҳҳои ду кишвар шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Неъматуллоҳ Эмомзода дар дидор бо Эраҷ Шаҳин Боҳир хоҳони ҳузури бештари донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Табрез шуд, гузориш медиҳад хабаргузории эронии “Тасним”.

“Ҳузури донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Табрез як зарфияти муҳимми илмӣ ва иҷтимоъӣ аст, ки бо идомаи ҳамкориҳо метавонад густариш биёбад”, — гуфтааст сафири Тоҷикистон.

Имомзода ҳамчунин бо ишора ба ин ки Табрез пойтахти гардишгарии кишварҳои исломӣ дар соли 2018 шуда ва ин сол дар Тоҷикистон Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудааст, умедвор шуд ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи гардишгарӣ ҳам беш аз пеш густардаву жарф шаванд.

“Табрез бо таваҷҷуҳ ба русумот, суннатҳо ва ҷойгоҳи вижаи фарҳангӣ ва гардишгарӣ яке аз шаҳрҳои муҳим дар барномаҳои Соли рушди гардишгарӣ барои Тоҷикистон аст”, — гуфт сафир.